Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат”
11 октябри соли 2024 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат» доир шуд.
Ҳамоиш бо ибтикори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсия ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Конференсияро декани факултет Шӯҳрат Кенҷаев оғоз намуда, нақш ва аҳамияти қабули Конститутсияро зикр кард.
Дар идомаи кори конфронс аз ҷониби сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллат», мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Ғолибҷон Санавваров дар мавзуи «Конститутсия ва сиёсати давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Қодирзода Мирзоқодир дар мавзуи «Механизмҳои барномавии муқовимат бо коррупсия дар ҳошияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо ироа гардиданд.
Зимни ироаи маърузаҳо иброз шуд, ки имсол, яъне соли 2024 ба қабули қонуни асосии мамлакат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон 30 сол сипарӣ мегардад. Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва чун бахтномаи кишвар шинохта шудааст, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳифзу ҳимоя менамояд. Яъне дар меҳвари бобу моддаҳои қонуни асосии мамлакат инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор гирифтааст. Ин аст, ки коршиносони байналмилалӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ҷойгоҳи ӯро дар қатори беҳтарин Конститутсияҳои кишварҳои олам қарор додаанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа