Баргузории маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор

Ба ифтихори гиромидошти санаҳои муқаддасу фархунда – Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода тамоми омӯзгоронро бо иди касбиашон шодбош намуда, зикр дошт, боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегиранд. Ҳамасола, дар сатҳи шоиста истиқболи Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ифодагари сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат – омӯзгорон ва рукни муҳими давлатдорӣ – забони давлатӣ маҳсуб меёбад.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид шуд, ки дарвоқеъ саҳми устод – омӯзгор дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва бо роҳи рост ҳидоят намудану омӯзонидани дарси зиндагӣ назаррас мебошад.
Дар қисми дигари маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони тоҷикӣ як зумра кормандону устодон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон ба гуруҳи калони кормандону устодони донишгоҳ, ки дар марҳилаи тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд, Ифтихорномаву Сипосномаҳо ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Бо барномаи рангини адабию фарҳангӣ, ки меҳнату заҳмати омӯзгоронро бозгӯ мекард, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба санаҳои фархунда анҷом ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like