Баргузории конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Забон – рукни муҳими фарҳанги миллӣ»

Санаи 3-юми октябр дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Забон – рукни муҳими фарҳанги миллӣ», ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар конференсия сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омўзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д. и. и., профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз кард, боиси сарфарозист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун рўзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беҳамтост. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хеле боло бурдаанд.

Дар идомаи кори конференсия Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Аҳмадҷони Раҳматзод дар мавзуи «Истиқлолият ва бунёди забони давлатӣ», д.и.ф., профессори кафедраи забони тоҷикӣ Шокириён Туғрал Сироҷ дар мавзуи «Забони тоҷикон ва ҳомии он», н.и.ф., дотсенти факултети забонҳои шарқи МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Нуруллохон Ғиёсов дар мавзуи «Забоншиносӣ, масоили рушди забони адабӣ ва забономўзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ», мудири кафедраи забони тоҷикӣ, н.и.ф., дотсент Шавкат Рустамов дар мавзуи « Имло ва масъалаҳои таҳаввули алифбои забони тоҷикӣ, мудири нашриёти «Дабир», н.и.ф., дотсент Нурихон Охунҷонова дар мавзуи «Забони миллат- ҳастии миллат» асари мондагор дар омўзиши забони давлатӣ» маъруза намуданд.

Дар конференсия таъкид шуд, ки забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвори пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир низ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат менамояд.

Дар анҷом, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Ифтихорномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

You might also like