Баргузории маҳфилҳои тарбиявию маърифатӣ таҳти унвони «Мавлоно ва мероси ахлоқии назми тоҷику форс» ва “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир” (ба муносибати таҷлили Рўзи забони давлатӣ ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ)
Арҷгузорӣ ба кору пайкор ва мероси гаронбаҳои шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва суханварӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, дар самти густариши фарҳангу маънавиёти ҷомеа, тарбияи насли имрӯзу оянда баҳри хифзу гиромидошти ҳофизаи таърхӣ ва фарҳангу маданияти пурғановати аҷдодӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Тавре Пешвои миллат таъкид медоранд, «орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ўро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд». Маҳз арҷгузорӣ ба шахсият ва осори бузургу мондагори ин нобиғаи миллати тоҷик аст, ки ҳамасола санаи 30-юми сентябр дар кишвар Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Дар робита ба ин, бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ, якҷо бо китобхонаи илмии донишгоҳ санаҳои 30.09.2024 ва 04.10. 2024 маҳфилҳои тарбиявию маърифатӣ таҳти унвони «Мавлоно ва мероси ахлоқии назми тоҷику форс» ва “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир”, бахшида ба бузургдошти Рўзи забони давлатӣ ва Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардиданд. Дар ҳамоиш олимону устодони кафедра ва факултет, кормандон ва масъулини китобхона, донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Чорабиниро мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Рустамов Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба моҳияти бузургдошти ин суханвари мумтоз, нақши осори мондагори ӯ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии башарият таҳти унвони «Мавлоно қутби маърифат ва ахлоқи башарият» муфассал ибрози андеша намуд. Баъдан доктори илмҳои филологӣ, профессор Шокириён Т.С. роҷеъ ба масъалаҳои омӯзиш ва таълими рӯзгор ва осори Мавлоно, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Д.Раҳматова роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи бархе ҳикоёти “Маснавии маънавӣ”, китобдори китобхонаи илмӣ Умарова У. роҷеъ ба шарҳи ҳоли Мавлоно ва муаррифии осори мунташир доир ба ӯ суханронӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён намунаҳои ашъори ноби шоир қироат гардид. Барои шиносоии бештари таълимгирандагон бо осори Мавлоно, дар толори китобхона гӯшаи намоиши осори шоир ва китобҳои марбут ба ӯ ташкил карда шуд.