Нақши Пешвои тоҷикон дар таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамоиши муҳим – ташкили Саммити Оянда, ки 24.09.2024 аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ташкил гардидааст, даъват ва иштирок карданд. Дар ҳамоиши мазкур зимни иштирок дар кори иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд. Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои муҳими ҷаҳонишавӣ (глобалӣ), мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла:
- таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир;
- вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо;
- ташаккули “иқтисоди сабз”;
- рушди тавлиди “энергияи сабз”;
- тағйирёбии иқлим;
- талошҳои муштарак баҳри пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлимии сайёра ҷалб карданд.
Тазаккур бояд дод, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, то ки дастовардҳои таърихии худро омузем, муҳтаво ва арзиши фарҳанги миллиро тарғибу ташвиқ намоем, онҳоро ба мардум ошно созем, то аз унсурҳои фарҳангию таърихи беш аз 6000 ҳазорсолаи шаклгирифтаи мо ба ҷаҳониён пешкаш карда шавад.
Бояд хотирнишон кард, ки дар замони муосир Тоҷикситонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳу амонӣ, тинҷию осудагӣ меҳисобанд. Сулҳи тоҷикон, ки аз ҷониби бисёр кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст, дар асоси ҳамдигарфаҳмии тарафҳо (ҳукумат ва мухолифин) ба даст омад, ки дар он Пешвои тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон нақши мондагор доранд.
Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ баромад карда, қайд намуданд, ки “Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд. Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем. Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, зарур мешуморем, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.
Итминон дорам, ки саммити имрӯза барои баррасии амиқ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир заминаи муносиб хоҳад гузошт”.
Камина, ҳамчун омузгор, ҳамчун тарбиятгар дар бобати сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳаминро қайд менамоям, ки дар солҳои охир Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун тоҷики оламшумул, ходими намоён ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ маъруф гардида, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратманд намуданд.
И.в. кафедраи таърих ва диншиносӣ
номзади илмҳои таърих Ҳамидова М.М.