Амнияти ҷомеа дар мадди аввал аст
Субҳи 6 ноябри соли 2019, ки дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи таҷлили ҷашни пурифтихор ва мондагори таърих, як гурӯҳ душманони миллат, ки қобилияти бардошти шодиву сурур ва хурсандии миллатро надоранд, қашни фархунда ва фирӯзии миллатро мехостанд ба мотам табдил диҳанд. Аммо тири онҳо хок хурд.
Тибқи иттилои расмии мақомот, тақрибан соати 03:23 дақиқаи 6 ноябр гурӯҳи бистнафараи мусаллаҳи ниқобдор ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона анҷом доданд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоқикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ қойгир буда, дар натиҷаи амалиёти террористии афроди мусаллаҳ кормандони мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расиданд.
Дар ин ҳодиса, тибқи иттилои Маркази матбуоти неруҳои марзбонии Тоқикистон 15 нафари ҳамлавар ба қатл расид ва 5 нафар боқимондаи онҳо боздошт гардиданд.
Айни ҳол дар кишварамон оромӣ фаро расида бошад ҳам мутаасифона чун иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» ва як гурўҳи ашхосон аз чунин ҳолат истифода бурда нисбат ба мардуми кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ гапҳои бардурўғро паҳн мекунанд.
Хушбахтона ба ҷасорати кормандони мақомотҳои ҳифз ин террористон нобуд кардав шуда оромии ҷомеа таъмин карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри оромию осоиштагии мардуми тоҷик кўшиш ба харҷ дода истодааст.
Тавре дар урфият мегўянд: ки бо шамшер меояд аз он ҳалок мегардад.
Мо мардуми тоҷик ва кулли тоҷикистониён амали гуруҳҳои террористиро, ки мехостанд тинҷиву амнияти ҷомеаро халадор кунанд, маҳкум менамоем. Дар ҳақиқат имрӯз гуруҳе аз нотавонбинон намехоҳанд миллати мо рушд кунад ва ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардад. Аз ин ру мо бар зидди гуруҳҳои ифротӣ дар қатори пеш истода, ба мақомотҳои қудартӣ барои решакан намудани он кумаки аввалиндараҷа мерасонем.
Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ