Омӯзиши усули стратегияҳои муосири таълим

Санаи 26.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатнома бо мақсади қадршиносии омӯзгороне, ки фаъолона дар самти “Омӯзиши усулу стратегияҳои муосири таълим” ширкат доштанд, баргузор гардид. Маросимро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, муҳтарам Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳамияти чунин ҳамкориҳоро барои имрӯзу фардои донишгоҳ ҳамчун руйдоди муҳим қайд намуда, иброз кард, ки таҷрибаи бадастовардашуда, барои рушди маҳорату малакаи педагогӣ, навоварӣ дар таълим, ҷолибу босифат ташкил намудани ҷараёни машғулиятҳо, баланд бардоштани эҷодфикрии донишҷӯён ва ворид шудан ба доираи байналмилалии МТОК мусоидат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдом аз тарафи Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва БИМСТ бо ҳамкории профессори донишгоҳи Ню Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Шчембарӣ дар асоси барномаи махсуси табоддулотӣ “Фулбрайт” баҳри паҳн намудани таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ дар самти сатҳу сифати таҳсилот дар тули як моҳи ҷорӣ ба роҳ монда шуд.

Шуъбаи таҳлил  ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like