ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 -юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки васеи устодону донишҷӯёни факултети молия ва андоз конференсияи илмиву назариявӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ – қофиласолори назми тоҷику форс” баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи забони тоҷикӣ Рустамов Шавкат ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Рўзи Рўдакӣ нишонаи эҳтиром ба сухан ва хирад, хусусан адабиёти оламшумули халқи тоҷик мебошад. Аз он ҷумла, сардори раёсати корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ Асророва М.А. зикр кард, ки панду андарзҳои Рӯдакӣ, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил мекунанд. Ба ин сабаб онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳикмати рӯзгорон боқӣ мондаанд ва то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд…

Гар саре ёбад ба олам кас ба некушоирӣ

Рудакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ…

Сипас, устодон Охунҷонова Нурихон, Раҳматова Дилрабо, Умарова Умеда ва донишҷӯён дар мавзуъҳои “Рӯдакӣ ва сарчашмашиносии осори мондагори ӯ”, “Андешаҳои суханварон дар бораи Рӯдакӣ”, “Тазмину назира ва истиқболияҳо ба ашъори Рӯдакӣ”, “Ҳикматҳои Рӯдакӣ ва аҳамияти тарбиявии онҳо”, “Рӯдакӣ, зиндагӣ ва замони ӯ” маърӯза намуда, иброз доштанд, ки камоли забону адаби тоҷик аз осори ӯ ибтидо мегирад.

Дар интиҳо донишҷӯёни донишгоҳ аз осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намунаҳои назмӣ қироат намуда, конференсияи илмиву назариявиро ҳусни анҷом бахшиданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like