Баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯѓи маърифат» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП – 481, тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ,бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ , пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷўёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рўи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фармоиши ректор, таҳти рақами №29 аз 15.04.2024 ба тасвиб расид.
Дар донишгоҳ моҳи апрел даври донишгоҳӣ ва моҳи майи соли ҷорӣ даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат» , аз рӯи номинатсияҳои физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика, география гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 150 нафар донишҷӯён иштирок намуда, байни ҳам рақобат варзиданд. Дар натиҷа 1 нафар докторант ва 3 нафар донишҷўён ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон, санаи 17-уми сентябри соли 2024 даври вилоятии озмуни мазкур дар Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони боистеъдод ва дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз рўйи номинатсияи технологияҳои иттиллоотӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид,