Ифтитоҳи синфхонаи таълимии таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ

Санаи 13-уми сентябри 2024 дар факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ифтитоҳи синфхонаи таълимӣ-озмоишӣ, ки дар таъмиру таҷдиди он гуруҳи ширкатҳои Фаровон  саҳмгузор буданд, доир гардид.

Дар он ректори  донишгоҳ, д.и.и. Ҳошимзода Ҳ.Ҳ., сардори раёсати кор бо кормандони гуруҳи ширкатҳои Фаровон Сатторов И.А., менеҷери шуъбаи интихоби кормандони ширкати мазкур Азимӣ Х.А., мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Сатторова М.А., декани факултети мазкур, д.и.и., Ҳоҷаева Д.А., мудирони кафедраҳо, устодони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва хатмкунандагони ихтисосҳои факултет ширкат варзиданд.

Дар баромадҳои хеш намояндагони гуруҳи ширкати мазкур роҷеъ ба фаъолияти бемайлон ва рушди устувори ширкат, омода намудани кормандон, ҷалби донишҷӯёни донишгоҳ ва бо кор таъмин намудани онҳо суханронӣ намуданд.

Сипас, ректори донишгоҳ, д.и.и. Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини ҷавонон бо ҷойи кор, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир, баланд бардоштани сифати мутахассисон ва саҳми онҳо дар пешрафти иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуданд. Иброз шуд, ки донишгоҳ бо беш аз 170 ташкилоту  муассисаҳои ватанӣ  ҳамкории судманд дошта, дар оянда сафи чунин ҳамкорон афзун хоҳад гашт.

Дар идома, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, д.и.и. Дадоматов Д.Н. баромад намуда, оид ба нақш ва аҳамияти касби муҳосибӣ дар фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, ҳамзамон ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онро маънидод намуд.

Дар рафти чорабинӣ байни донишҷӯён ва намояндагони ширкати мазкур, роҷеъ ба фаъолияти гуруҳи ширкатҳои Фаровон музокирот ва суолу ҷавоб доир гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо  ҷомеа

 

You might also like