Баргузории семинари омўзишӣ оид ба шиносоӣ бо имкониятҳои донишгоҳ дар самти технологияҳои иттилоотӣ

Санаи 12-уми сентябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи  бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари омўзишӣ оид ба шиносоӣ бо имкониятҳои донишгоҳ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, бо донишҷўёни курси 1-уми ҳамаи ихтисосҳои факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Дар оғоз, муовини ректор оид ба корҳои таълим, н.и.ҳ., дотсент Мўминзода Ш.А. ба сухан баромад намуда, мавзуи  семинарро муҳим арзёбӣ намуд. Иброз шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханрониашон бахшида ба Рўзи дониш  ва Дарси сулҳ бармеояд, масъулини соҳаи илму маорифро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби боз ҳам бештари донишҷўён ба омўзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ кушиш ба харҷ диҳанд. Дар ин радиф, донишҷўёни донишгоҳамон минбаъд метавонанд аз имкониятҳои системаи иттилоотии донишгоҳ бемамониат ва  самаранок истифода баранд.

Дар кори семинар аз ҷониби мудири бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ Ҳасанов М. ва барномасози ин бахш Мансуров Ш. оид  ба истифодабарӣ бо Барномаи dem.tsulbp.tj,  китобхонаи электронӣ, картотекаи электронӣ, ҳамчунин воридшавӣ ва истифода аз шабакаҳои беноқили сомонаи дохилӣ ва берунаи хизматрасонӣ  ва дигар сомонаҳои донишгоҳ омўзонида шуд.

Кори семинар дар чор баст идома ёфта, дар  он беш аз 1000 нафар донишҷўёни  ҳамаи факултетҳои донишгоҳ  иштирок доштанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо  ҷомеа


 

You might also like