Баргузории силсилачорабиниҳо ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултетҳои ДДҲБСТ
Бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳама факултетҳо конференсияву мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор гардида истодаанд.
Дарвоқеъ, Истиқлолият ормони ҳазорсолаи мардуми шарафманди мо буд, ки дар баробари ба даст овардани он кишвари азизамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои нав ба нав бархурдор мешавад.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Ҳадаф аз ташкилу баргузории ҷорабиниҳо ҳифзу гиромидошти дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, тақвияти ҳисси ватандўстии донишҷўён арзёбӣ мегардад
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа