Баргузории чорабинии илмӣ бахшида ба “Рӯзи мубориза бар зидди терроризм” дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии Русия

Дирўз, дар Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии илмӣ бахшида ба “Рӯзи мубориза бар зидди терроризм”, дар ҳошияи  ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии Русия баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Маркази фарҳангии Русия, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., профессор Ризоқулов Т.Р., мушовир оид ба таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ, н.и.ф., дотсент Ҷўраев А.Ҳ., декани факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, н.и.ф., дотсент Майнусов Д.М., мудирони кафедраҳо ва омўзгорони факултети мазкур иштирок доштанд.

Чорабиниро директори марказ д.и.с., профессор Акмалова М.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.

Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.

Ифротгароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Сипас, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ризозода Т.Р., роҳбари шуъбаи ҳамкории Русия бо Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мудрова Т.Г. , ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии Хонаи русӣ дар Хучанд, дотсент Сатторова Ф.М.  ва мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ дотсент Саидзода Ш.Ш. дар мавзуи “Терроризм кори дастаҷамъонаи ИДМ” суханронӣ намуданд.

Дар охир, аз ҷониби устодони факултет оид ба мавзуи баррасигардида баҳсу музокирот баргузор гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like