Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ
Санаи 7-уми сентябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолият неъмати бебаҳост» баргузор гардид.
Дар конференсия сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омўзгорони факултет иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Дониш Майнусов ба сухан баромад намуда, оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият ҳарф зад.
Иброз шуд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ , иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилал ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Конференсия тибқи барнома идома ёфта, аз ҷониби мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳомидзода Ф.М. дар мавзуи «33 соли Истиқлолият-масири саодати миллат», номзади илмҳои таърих, дотсент Дўстов Д.К, дар мавзуи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар” , номзади илмҳои таърих, дотсент Юсупов М.Ю дар мавзуи ” Садоқат ва вафодории дипломат дар замони истиқлолият”, донишҷўйи соли 5-уми ихтисоси 1-23.01.06.01 Давлат О. дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди сиёсати ҷавонони кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва донишҷўйи соли 4-уми ихтисоси 1-23.01.02.04 Раҳматова З.Г. дар мавзуи “Дастовардҳои 33 соли истиқлолият”маърузаҳои пурмуҳтаво шунида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа