Ташаккули шахсияти ватандӯсту меҳанпараст
Ҷои шубҳае нест, ки яке аз сабабҳои ба гирдоби ифротгароӣ афтидани ҷавонон маҳз ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанги хеш ба ҳисоб меравад. Маҳз надонистани таъриху фарҳанги ғании миллати хеш боис гардида, ки тоифаи зикршуда арзишҳои фарҳангии бегонаро чун арзиши олии ҳаётӣ қабул намояду дар баҳогузорӣ ба он ба ифрот роҳ диҳад.
Бинобар ин, барои пешгирӣ аз ташаккулу рушди ифротгароии динӣ ва қабули арзишҳои мазҳабии бегона омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги миллӣ хеле муҳим ба ҳисоб рафта, заминаи асосии ташаккули шахсияти ватандӯсту меҳанпараст ба ҳисоб меравад. Омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги миллӣ собит месозад, ки миллати тоҷик моҳиятан башардӯст буда, нисбат ба арзишҳои фарҳангии тамоми миллатҳо эҳтиром мегузорад ва ҳеҷ гоҳ ба равандҳои ифротгароӣ роҳ намедиҳад.
Боиси таассуф ва нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, ки имрӯзҳо бархе аз ҷавонони мо пойбанди арзишҳои мазҳабии бегона гардида, ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам дар муколамаҳои интеретӣ аз афкору ақоид ва таълимоти ифротгароёнаи динӣ пуштибонӣ менамоянд ва бо ин амали хеш фазои ороми динии ҷомеаи моро ноором сохта, ба муҳити солими ҷомеа латма ворид менамоянд. Вақте ба муҳтавои андеша ва услуби суханронии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоем, ба осонӣ дармеёбем, ки эшон ҳамагӣ ба гирдоби таассубу ҷаҳолати динӣ афтида, ноогоҳона ба доми қаллобону бидъаткорон ва таҳрифгарони дини мубини ислом, ки мехоҳанд бо сӯиистифода аз ислом аҳдофи сиёсии худро амалӣ намоянд, афтодаанд.
Ин тоифа воқеан ҳам ҷоҳилу ноогоҳанд, зеро онҳо на танҳо аз аҳдофи сиёсии роҳбаладони хеш ба сабаби маҳдудии дониши сиёсии хеш дар канор мондаанд, балки ба сабаби маҳдудии дониши дунявии хеш дар ҷомеаи озодӣ мо мақоми сазоворро касб карда натавонистанд. Бинобар ин, аз ноилоҷӣ маълумоти сатҳие доир ба ислом касб намуда, талош меварзанд,ки ақаллан бо сӯиистифода аз дин мақоми иҷтимои худро беҳтар созанд. Ин тоифа ё аз ҳукми ояти «Он чиро, ки туро ба он илм нест, пайравӣ макун» ноогоҳанд, ё огоҳ бошанд ҳам ба сабаби аҳдофи нопоки хеш ҳукми онро нодида мегиранд. Ин тоифаро ноогоҳ ҳисобидани мо иловатан бадон сабаб аст, ки онҳо аз дарки равандҳои сиёсиву идеологӣ ва маърифатии асри навини ҷомеаи мо хеле қафо мондаанд. Онҳо ба сабаби ҷаҳолати хеш ҳатто намепиндоранд, ки асоси равандҳои сиёсии ҷомеаи моро имрӯз тақсимоти навини ҷаҳон байн абарқудратҳо ташкил менамоянд.
Чунин фарзандони гумрохгашта боиси дарду доғи дили падару модарон мегарданд. Ва бо тамоми вуҷудаш волидон ва шахсоне, ки фарзандашро ба гумроҳи роҳандози менамояд, мегуянд “илоҳо ба хоинони наҳзатӣ ба камоли пирӣ нарасанд”.
Юсупова З.Ш. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ