Баргузории “Ҳафтаи дарҳои кушод” бахшида ба Рӯзи китоб ва 33–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлол- волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат”
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ин рўзхои шодию фараҳмандӣ ҷашни бузурги миллӣ, 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, рушди устувор ва осудагии фарогир таҷлил менамоянд.
Бахшида ба ин санаи фархунда дар ҳамаи факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилачорабиниҳо баргузор гардида истодаанд.
Аз ҷумла, тибқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмӣ дар донишгоҳ аз санаи 03.09.2024 то 07.09.2024 бахшида ба Рӯзи китоб ва 33–юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳафтаи дарҳои кушод” таҳти унвони “Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат” барои донишҷӯёни бахши аввали факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ санаи 4-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Китоб ин бузургтарин маъхази гаронбаҳоест, ки бояд қадру манзалати хешро дошта бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон қайд менамоянд, ки «… Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳимми тарбияи маънавии инсон аст…».
Дар ин радиф, дар толори китобхонаи илмӣ бахшида ба таҷлили идҳои омадаистода намоиши китобҳо баргузор гардида, асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори илмӣ ва таълимии устодони донишгоҳ вобаста ба тахассусмандӣ, адабиёти навворидшуда ва китобҳои бадеӣ ба маърази хонандагон пешниҳод гардид. Китобдорон китобҳоро муаррифӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба қоидаҳои истифодабарӣ аз китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ ташкил намуданд.
Инчунин дар ҳафтаи дарҳои кушод доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷон Шчембари аз Донишгоҳи Фордҳами ИМА, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳамон ташриф оварда буданд, аз китобхонаи илмӣ дидан карданд. Профессор Ҷон аз намоиши китобҳо, китобхонаи электронӣ, махзани китоб шинос шуда, бо донишҷӯёни гуруҳи таҳсилашон бо забони англисӣ суҳбат ороста шуд. Ҳамзамон барои тарғиби таърихи тамаддунофари халқи тоҷик китоби “Тоҷикон”–и академик Бобоҷон Ғафуров бо забони англисӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ ба меҳмон тақдим карда шуд.
Мутолиаи маводи таълимӣ дар раванди омӯзиш барои донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард, зеро китобҳои мазкур ҷиҳати гирифтани дониши мукаммал ва маълумоти аниқу саҳеҳ, вобаста ба тахассусмандӣ барои донишҷӯён хизмати арзишмандеро анҷом хоҳад дод.
Мақсади баргузории муаррифии китобҳои тозанашр ин ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхонаву китобхонӣ, иштироки онҳо дар ҷараёни дарсҳо бо маводи таълимӣ, ҳамчунин шинос намудани донишҷӯён бо имкониятҳои китобхонаи илмӣ ва электронӣ мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа