РАВАНДИ ҶОРИНАМОИИ ТАҲСИЛОТИ ДУАЛӢ ДАР ДДҲБСТ ДАР ЗАМИНАИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Санаи 6-уми сентябри соли 2024 аз ҷониби мудири филиали 24-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Раҳимӣ Мавзуна Муинзода бо донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси молия ва  қарз, гурӯҳи тоҷикӣ дарси кушоди амалӣ  таҳти унвони “Ҷабҳаҳои назариявию амалии фаъолияти хазинадорӣ дар шароити рақамикунонӣ” дар толори филиали мазкур ташкил ва баргузор гардид.

Дар машғулияти муаллима Раҳимӣ М. М. мудири кафедра ва омӯзгорони кафедраи молия ва қарз ширкат варзиданд.

Ҳамзамон донишҷӯён аз шуъбаи кор бо кортҳои пластикӣ ва хазинаи бонк дидан намуданд.

Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани чунин машғулиятҳо ҷалби донишҷӯёни ихтисос ба раванди истеҳсолот, сайқал додани донишҳои назариявии онҳо, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва густариши ҳамкориҳои донишгоҳ бо мақомотҳову ташкилотҳои соҳаи молия ва қарз ба ҳисоб меравад.

 

   

 

 

You might also like