Баргузории конференсияи илмӣ дар мавзуи «Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил»
Санаи 5-уми сентябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил», ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конференсия ректори донишгоҳ, муовинони ректори донишгоҳ, сардорони раёсат ва шуъбаву бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омўзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд ва мавзуи ҳамоишро муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз шуд, ки боиси ифтихор ва саодати бузург аст, ки маҳз ба шарофати Истиқлолият ҷомеаи Тоҷикистон ба комёбиҳои рўзафзун ҳамрадиф асту ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадами мардуми кишварамон мебошад.
Бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳои ҷамъиятӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги волои миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:
«Мо халқе дорем, ки истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар месозад».
Имрўз ҳар шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон шоҳиди бевоситаи муҳимтарин марҳилаҳои рушд ва ташаккулу такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатамон мебошанд.
Дар ин раванди барои ҳаёти давлат ва ташаккули ҷомеа муҳим нақш ва саҳми зиёиёни кишвар, аз ҷумла ҳайати устодону профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат басо муҳим ва ҳалкунанда мебошад.
Соҳибистиқлолӣ барои ҷомеаи мо имкон фароҳам овард, ки Ҳукумати мамлакат дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба имрўзу фардои кишвар иқдомҳои шоистаро амалӣ намуда, ба созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза бахшад.
Конференсия тибқи барнома идома ёфта, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ, дотсент, Ҳомидова Манзура дар мавзуи «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ, дотсент Қодирзода Мирзоқодир дар мавзуи «Рушди қонунгузорӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ: ҳолати кунунӣ ва дурнамо» ва докторант аз рўйи ихтисос (PhD) Комилов Мирзокомил дар мавзуи «Нақши ҳадафҳои стратегӣ дар таҳкими Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон” маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар интиҳо, ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода меҳмони иззатмандро барои ташрифашон ба даргоҳи илму маърифат самимона хайра мақдам гуфта, ба фаъолияти давлатию ҷамъиятиашон равнақу барорҳо таманно намуданд.