Тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рўзи дониш ва Дарси сулҳ

Санаи 01 сентябри соли 2024 суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рўзи дониш  ва Дарси сулҳ, ки дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷлисгоҳу толор ва синфхонаҳои барҳавои донишгоҳ сарҷамъона тамошо намуданд.

Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки соҳаи илму маориф дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони соҳаи маориф бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудаанд, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

Пешвои миллат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифатгардонии саросарии аҳолӣ, рушди илм, махсусан,  илмҳои табиӣ дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намуданд, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгориро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати тарбияи омӯзгорони ба талаботи замона ҷавобгӯй тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд.

Ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ , ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман»,  «Тоҷикон- оинаи таърихи миллат» , пешгирии шомилшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аҳаммияти муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кушишу талош намоем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like