Баргузории ҷаласаи васеи ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ

Санаи 31 августи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ доир гардид. Дар кори ҷаласа ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони сохтору бахшҳо ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа фаъолияти самтҳои таълим ва илм, тарбияву байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳ барои соли таҳсили 2024-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сараввал, ректори донишгоҳ доктори илмхои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. вазьи таълимро дар донишгоҳро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Роҳбари донишгоҳ бо таҳлилу баррасӣ камбудиҳои ҷойдоштаро  дар ин самт таъкид намуда, ҷиҳати бартараф намудани он ба раёсати таълим, бахши идоракунии сифати таҳсилот, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо супоришҳои мушаххас дод.

Ҳошимзода дар самти корҳои илмиву тадқиқотӣ таъкид кард, ки бояд ҳар нафари дар донищгоҳ фаъолиятбаранда корҳои илмӣ анҷом диҳад.

Аз иштирокчиёни ҷаласа даъват ба амал овард, ки ҳар чи зудтар мавзуи кори илмии хешро пешниҳод ва тасдиқ намуда, дар муҳлати муайянгардида ҳимоя намоянд.

Масъалаи дигаре, ки роҳбари донишгоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, фаъолияти самти тарбиявии донишгоҳ буд. Иброз шуд, ки бояд донишҷўён ба таври ҳамешагӣ талаботу қоидаҳои дохилидонишгоҳиро иҷро намоянд. Бо сару либоси тавсиявӣ омадани донишҷўён, дермонӣ дар машѓулиятҳо , муносибати устоду шогирд, дарсшиканӣ, ҷалби онҳо ба чорабиниву маҳфилҳои гуногуни омўзишӣ ва тарбияи ахлоқиву баланд бардоштани ҳисси ватандўстии онҳо аз масъалаҳои дигари мавриди таҳлил дар кори ҷаласа буд.

Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид шуд, ки тибқи шартномаҳои баимзорасида бо ҳамкорони байналмилалӣ фаъолият густариш бахшида, ҷиҳати дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ кўшиш ба харҷ диҳанд.

Роҳбари донишгоҳ зимни таҳлили самти молиявию хоҷагидории донишгоҳ таъкид намуд, ки бояд ба таври ҳамешагӣ ба корҳои  ободониву кабудизоркунӣ диққат дод.

Ҷаласа бо мулоҳизарониҳо ва вазифагузориҳо хотима ёфт.

                                             Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like