Мулоқот бо донишҷӯёни соли аввал
Санаи 30 августи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишҷӯёни соли аввал, ки тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани номи пуршарафи донишҷӯӣ ноил гардидаанд, мулоқот доир шуд.
Муовини ректор оид ба корҳои таълим Мўминзода Ш.А. донишҷӯёнро барои интихоб ва дохил шудан ба донишгоҳ шодбош гуфта, оид ба қоидаҳои тартиби дохилидонишгоҳӣ, бо ҳисси баланд, ифтихор аз ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷалби онҳо ба китобхониву забономўзӣ ва дар руҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо ҳурофотпарастӣ, инчунин ба хотири истиқболи ҷашни муҳимми таърихӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Ҳамзамон таъкид намуд, ки дар донишгоҳ тамоми шароиту имкониятњои таҳсил фароҳам гардидааст.
Донишҷӯёни соли аввал низ аз имкониятҳои хуб ва мусоиди донишгоҳ дидан карда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибтахассус бар камол мерасанд ва барои давлату миллати хеш содиқона хизмат менамоянд.