Баррасии нуктаҳои меҳварии мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар ҷаласаи васеи шурои олимони ДДҲБСТ
Имрӯз, дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илм ва маорифи кишвар, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи шурои олимон доир гардид. Раиси шурои олимон, ректори донишгоҳ д.и.и. Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, дар назди ҷомеаи меҳнатӣ аз мулоқоти судманд таассуроти худро баён дошт. Зикр намуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи илм ва маориф дар сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи хоса ва пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Мавсуф, зикр намуд, ки аз марҳилаҳои аввали ислоҳоти соҳаи илму маориф ҷавҳари сиёсати давлатӣ ба беҳтар гардонидани шароити зист ва фаъолияти кормандони илмиву омӯзгорӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос, таҳияи китобҳои дарсии ба шароити истиқлоли миллӣ ҷавобгӯ, аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникӣ, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажуҳишоти илмӣ, баланд бардоштани ишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ, дарёфти истеъдодҳо, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ равона гардидааст.
Ректори Донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. мулоқоти навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо намояндагони соҳаи илму маорифи кишвар идомаи иқдомҳои наҷиб, таҳлили бурду бохти ин соҳа ва пешниҳоди дастуру ҳидоятҳои созандаро сиёсати фарҳангӣ ва маърифатии Роҳбарияти олии мамлакат арзёбӣ намуд.
Сипас, муовинони ректор оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2023-2024 вобаста ба самти фаъолият, бахусус, оид ба иҷрои нақшаи инфиродии омӯзгорон, сатҳи дарсҳои кушоду намунавӣ, таълифи маводи таълимӣ, натиҷаи сатҳу сифат ва донишазхудкунии донишҷӯён аз рӯи натиҷаҳои сессияҳои таълимӣ, аттестатсияи хатм, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати зиёд намудани мутахассисони соҳибунвон, ҳолати аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, корҳои иҷрошуда дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносиву ифтихори миллӣ, густариш бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот доданд.
Ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода пас аз шунидани ҳисобот аз фаъолияти самтҳои мухталифи донишгоҳ, таъкид намуд, ки Сарвари давлат дар мулоқоташон хотирнишон сохтанд, ки имрӯз вазъи соҳаи илму маорифи кишвар ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар ҳошияи ҳидоятҳои роҳнамунсози Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони илм ва маорифи кишвар, имрӯз ҳар яки мо дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ сохтани таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, таҷдиди стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷӯён, омӯзонидани илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзиву дақиқ, иқтисодиёти муосир, ташаккул додани тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономӯзӣ, тарбияи мутахассисон дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ, тарҳрезии дурнамои рушди илм ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамгироии илму истеҳсолот, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, омӯзонидани масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ вазифадор ҳастем.