ЗИЁИЁН ПАЙРАВОНИ СИЁСАТИ ОҚИЛОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар ҳар замону дар ҳар макон зиёиён ҳамчун шамъ пеши мардуми кишвар равшанӣ меандохтанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд. Маҳз зиёиён буданд, ки ҷону тани худро ҳамчун сипар бар зидди ҷаҳолату разилӣ гузошта, ҳамчун машъалафрӯзи олами маонӣ ба мардуми башар накӯкориву илмомӯзӣ, ахлоқи ҳамидаву ростгӯӣ ва дигар некиҳои дунёро фаҳмониданд. Мутаассифона дар ҳама давр мардуми кӯрдилу сиёҳботине ҳастанд, ки ғаразҳои шахсии худро нисбат ба ҷомеа боло монда, ба ҳар роҳу усуле, ки набошад мехоҳанд ба он комрон шаванд.
Аз ҷониби якчанд аъзоёни ҳизби ифротгари ҲНИТ ба нашр расидани мақолаҳо оид ба паст намудани моҳияти дастовардҳои солҳои истиқлолият ва рӯз ба рӯз обод шудани Тоҷикистони мо маро бетараф гузошта натавонист. Ман ҳамчун муаллим ба он ақида ҳастам, ки насли имрӯза набояд ба иғвои ин гуна хоинони миллат дода шаванд. Бояд ҳақиқатро бо ҷашми ҳақбин нигоҳ кард.
Рӯз то рӯз кишвари мо ободу зебо гардида истодааст, ки дар он бешубҳа саҳми ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бузург аст. Ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст. Тамоми мардуми бошарафи Тоҷикистон, аз он ҷумла зиёиён ба гирди сардори давлат ҷамъ омада, баҳри расидан ба ҳадафҳои волои худ камари ҳиммат бастанд. Бунёди роҳу кӯпрукҳо, мактабу муассисаҳои таълимӣ, НБОҳои хурду миёна, хатҳои баландшиддати энергетикӣ, иншоотҳои варзишӣ, корхонаҳои гуногун, маконҳои сайёҳию фарҳангӣ ва ҳазорон дигар биноҳои маъмурию истиқоматиро номбар намудан мумкин аст, ки барои мардум хизмат расонида истодаанд ва ин раванди ободкорӣ бо суръати баланд идома ёфта истодааст.
Аммо аз чи сабаб бошад, ки хоинони ватан ин ҳама пешравиҳоро нодида гирифта, мехоҳанд дар байни мардуми зиндадил тухми нифоқу ҷудоӣ пошанд. Мо мардуми бофарҳанги ҷумҳурӣ аллакай даҳшати ин иллатро дидаем ва ба он роҳ намедиҳем, ки ватани ободу зебои мо боз ҳам гирифтори кашмакашҳои дохилӣ гардад. Мо хеле хуб медонем, ки ин афрод тавассути хоҷаҳои хориҷии худ ва маблағҳои бедардимиёнашон мехоҳанд мафкураи насли навро билкул тағйир бидиҳанд ва барои ин амали нангинашон аз ягон роҳу усул даст намекашанд.
Вазифаи мо зиёиён пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ин ҳама дасисакориҳоро фош намуда, ба мардум ҳақиқати ҳолро фаҳмонем ва ба он роҳ надиҳем, ки ин шахсони кӯрботин ҷавонони моро ба корҳои паст роҳнамо шаванд.
Мо, зиёиёни ҷумҳурӣ ҳамеша пайраву дастгири Пешвои миллат буда, дар самти амаликунии дастуру супоришҳои роҳбари давлат тамоми фаъолияти худро равона менамоем.
Лутфулоев М.Д.
дотсенти кафедраи технологияҳои
иттилоотӣ дар иқтисодиёт