Ғолибияти донишҷӯёни ДДҲБСТ дар Фестивали “Суғд-Иқлим”
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вобаста ба раванд ва мушкилоти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои гуногун нахустин фестивали «СУҒД–КЛИМАТ–FEST» баргузор гардид.
Донишҷӯён ва муҳаққиқону ихтирокорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Фестивали мазкур иштирок намуда, соҳиби мақоми ифтихорӣ шуданд.
Фестивал аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ташкилоти чамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи мухити зист» ва дигар сохторҳои тиҷоратии вилоят баргузор карда шуд.
Дар озмуни мазкур ДДҲБСТ-ро ихтироъкорон, намояндагони Парки технологии донишгоҳ-Аминҷон Шафиев, Очилова Рухшона ва Машҳура Мақсудзода бо лоиҳаҳояшон муаррифӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Барои ғолибият ба онҳо планшет ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар фестивал натиҷаи озмуни лоиҳаҳои амалӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва идоракунии оқилонаи муҳити зист ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон аз 22 лоиҳаи ба озмун пешниҳодгардида 4 лоиҳаи беҳтарини олимону мутахассисони ҷавонро ғолиб донистанд.
Ҳадафи баргузории фестивал баланд бардоштани сатҳи фаҳмиш ва огоҳии аҳолӣ дар сатҳи минтақа ва дигар масъулон оид ба хатарҳои тағйирёбии иқлим, роҳҳо ва раванди мутобиқшавӣ ба тағйиёбии иқлим мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа