Мулоқоти ректори донишгоҳ бо гирандагони Стипендияи раёсати донишгоҳ ва ғолибони даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии”Тоҷикистон-Ватани азизи ман!”
Имрӯз, 23- юми майи соли 2024 ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода бо гирандагони Стипендияи раёсати донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъол мулоқот кард.
Мулоқоти судманд дар доираи Моҳвораи ҷавонон баргузор шуд.
Ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. перомуни рушди илму технология дар замони муосир, рақобатпазирии илм бо истеҳсолот, ҳамзамон ноустувории вазъи сиёсӣ дар кишварҳои ҷаҳон, қудратталабии абарқудратҳо, ихтилофҳои зиёд дар равияву гурӯҳҳои манфиатҷӯ ибрози назар кард. Роҳбари донишгоҳ аз донишҷӯёни фаъол даъват намуд, ки онҳо бояд дар байни қишрҳои дигари ҷомеа аз нигоҳи гуфтору рафтор, саводу ҷаҳонбинӣ намуна бошанд. Илова гардид, ки ҳифзи Ватан, марзу бум, ҳимояи хоки поки аҷдодӣ вазифаи ҷониву қарзи имонӣ ва виҷдонии тамоми сокинони кишвар махсусан ҷавонон мебошад. Замоне фаро расидааст, ки бояд ҳар ҷавонмард нахуст ба Ватан-Модари хеш хизмат намояд, муқаддасоти милливу давлатиро ҳимоя намояд, илова кард сарвари донишгоҳ.
Дар мулоқот вобаста ба мавзуҳои матраҳшаванда донишҷӯёни фаъол низ фикру андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар ин рӯз ҳамзамон ғолибони даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои донишҷӯёни фаъол Стипендияи раёсати донишгоҳ муқаррар шудааст ва донишҷўёни фаъоле, ки дар озмуни гирандагони Стипендияи раёсати донишгоҳ ғолиб мегарданд, ба гирифтани он шарафёб мешаванд.