ҲИЗБИ НАҲЗАТ – ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТӢ АСТ
Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, таҳия ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстремизм равона гардидааст.
Дар љамъият њар як гурўњњои махсуси ташкилдињанда ё шахсони алоњида бо роњи зўроварї маќсади худро доранд. Дар асри 2I яке аз намуди зўроварї терроризм гардидаст. Терроризм аз калимаи лотини «terror» – тарс, бим, воњима гирифта шуда, усуле мебошад, ки бо роњи зўроварї ба одамон тањдид намуда онҳо ба маќсади худ мерасанд.
Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ – экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон» ва ғайра имрӯз ба амалигардонии манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқу Афғонистон, Туркия, Сомалӣ, Нигерия, Яман, Миср, Русия ва ғайра сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд. Таҳти таъсири ақидаҳои тундгаро ҷавонҳо ба гурӯҳҳои мазкур шомил гардида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани инсонҳо тайёранд. Ҳизби наҳзати исломӣ бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломии Точикистон, ҳозира ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ, дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978, дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне “бародарони мусулмон” ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати Хилофат дар Тоҷикистон буд. Боиси шукр ва хушнудист, ки оид ба марому мақсади ҲНИ ба мо тоҷикон сари вақт маълум гашт.
Ҳадафи асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Н.и.ф.-м., муаллими калони
кафедраи фанҳои риёзӣ ва
табиатшиносии муосир: Муродова М.Н.