Мардум дигар гумроҳ нест!
Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамолики дунёро бар асари ҷаҳолат ва душманӣ ноҳамвор сохта, нооромиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз аъзоёни ҷомеъаи муосир тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дастрасӣ ба иттилооти шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири ҳам манфӣ ва ҳам мусбии худро дорад. Дар замони пешрафти технологияҳо ҳам хурду ҳам калон аз шабакаҳо истифода менамоянд. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъсиррасонӣ ба шуури инсон гардидаанд.
Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои мухталифи хиёнаткорони Ватанро мутолиа намудан мумкин аст. Дар сомонаи https://isloh.net мунтазам мақолаҳои пур аз дурўғу тўҳмату фитнаангезонаро дидан мумкин аст. Мақсади нависандаи ин мақола боз ҳамон сиёҳкунии давлати тоҷикон ва сарвари он мебошад. Фикр мекунем, ки ин навиштаҳо эҷоди тахаюлоти баъзе нафарон буда, фармоиши душманони миллат мебошад. Навиштани чунин дурўғи маҳс ва бемазмун шармандагию хислати ноҷавонмардона мебошад. Бозичаи дасти бозигарони минтақавӣ будани ин хиёнаткору разилон имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест.
Мусаллам аст, ки онҳо аз натиҷаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва дастоварду обрўву нуфузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аламзада мебошанд. Дар сафари кории худ ба кишвари Франсия Сарвари оқилу донои мо тавонистанд мақсаду маром ва узви комилҳуқуки ҷомеаи кишварҳои дунё будани Тоҷикситонро нишон диҳанд.
Хиёнаткорони ватан бошанд, бо ҳар роҳу усул корҳои сиёҳи худро давом дода, мақоли «аз таги нохун чирк кофтан»-ро хуб истифода мебаранд. Иртиботи ногусастанӣ доштани ин разилон бо ДИИШ маълум аст. Куштори одамони бегунох ва зинда ба зинда сузонидан амалҳои хиёнаткорон ва ҳаммаслакони онҳо мебошад.
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, мансабталошии саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаммаслакони онҳо бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебарад. Акнун халқ гумроҳ нест, ба ҳақиқат чашм боз намудааст ва намегузорад, ки боз ба доми разилон афтад. Халқ сабабгори тинҷию амонӣ, ваҳдат, истиқлолит ва осудагию суботи кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо ақл ва қалби худ мешиносад. Сулҳе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба халқ овард, нодиртарин дар таърихи халқи тоҷик мебошад. Умед дорем, ки ояндаи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами ҳалқ равшан ва дурахшон аст. Муҳаббату садоқат ва боварии моро ба ин шахси мўътабар ягон иғвогар, ягон амали ў, ягон кўшиши беҳудаи иғвоандозон кам карда наметавонад. Бо Пешвои миллат ба сўи равшанӣ роҳ хоҳем тай намуд.
Азимова Назира Самадовна
н.и.п., дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосир