ИСЛОМИ СИЁСӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Мардум сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштани   чунин роҳбар ифтихор мекунанд. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу НБО-у роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,  корхонаву муассисаҳо  дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида,  ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи  давлату ҳукумат дучанд месозад. Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост. Пас, агар дар Тоҷикистон якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармову ободиву созандагӣ суръатнок вусъатёбанда бошад, пас чӣ зарурат ба ивази ҳокимият? Ман низ чун шаҳванди Тоҷикистон тарғибгари сиёсати давлатӣ буда, нисбати бадхоҳони давлат гуфтаниям, ки ба тинҷиву амонии мардуми бошарафи Тоҷикистонро халалдор накунед.

Мо, дар кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар зери парчами дурахшони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем. Хушбахтона, имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми ватанамон мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикистон, аксари сокинони меҳанамон ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати ҳизби мамнуи наҳзати ислом дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Мо, зидди фаъолияти ташкилотҳои динӣ нестем. Аммо пўшида нест, ки мақсади асосии ҳизб – ба даст овардан ва истифодаи ҳокимияти сиёсӣ аст. Пас, ҳадафи асосии ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ низ  ташкили «Давлати исломӣ» аст, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон мебошад. Аз тарафи дигар, маҳз дар давлатҳои динӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Куввайт, Ливия, Уммон, Эрон, Ватикан ва ғайраҳо ташкили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки характери сиёсӣ дорад, қонунан манъ аст. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки худи дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурўҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад. Пас чаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Наҳзати ислом ҳизби сиёсӣ фаъолият мебурд. Магар ин бар зидди арзишҳои исломӣ нест? Барои чӣ дар сурати доштани имконият кўшиши тағйири номи худро накарданд? Шояд агар аз номи поки ислом баромад накунанд, касе андешаҳои носолими онҳоро ҳатто гўш ҳам намекард. Чаро аъзоёни он байни ҷавонон андешаҳои ҳақиқии исломро тарғиб наменамоянд. Барои чӣ нисбати ҳодисаҳои ғайриинсонию ваҳшии Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Фаронса беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Ислом дини озодӣ, ростӣ, инсондўстӣ ва покӣ мебошад. Агар аъзоёни ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, имрўз ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мебурданд, барои ҳушдор кардани ҷавонон дар радифи давлат корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебурданд, на баръакс. Мутаассифона, маҳз ҳизбу ҳаракатҳои гуногун боиси гумроҳии ҷавонони тоҷик гардида истодааст. Аммо ин гурўҳи ҷавонони ноогоҳ аз асли ислом аз номи ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Ин ҳодиса боиси паст гардидани обруву нуфузи ислом дар ҷаҳон мегардад. Ба ҳамаи ин гумроҳиҳои ҷавонон кӣ ҷавобгар аст, тақдири ояндаи миллату кишвар чӣ гуна хоҳад буд? Танҳо дар натиҷаи дастаҷамъӣ, якдиливу якмаромӣ мо метавонем, пеши роҳи паҳншавии падидаҳои номатлубро ки характери глобалӣ дорад, гирифта бошем.

Умарова Саодат Иброҳимовна 

н.и.и., муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа

You might also like