ДДҲБСТ: Ҷавонон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол

15 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» ташкилу баргузор гардид.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр баромад намуда, мавзӯи ҳамоишро муҳим арзёбӣ карданд.
Иброз шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз кишвар дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чӣ дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Дар идома, раиси шурои олимони ҷавони вилояти Суғд, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Саидзода Шӯҳрат таҳти унвони «Хизмат ба ватан қарзи ҷавонмардист», сардори раёсати таълими Донишкадаи куҳӣ-металургии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Осими Оқил таҳти унвони «Нақши озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ», ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Иноятова Афрӯза таҳти унвони «Аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ», докторанти МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидов Бахтиёр таҳти унвони «Хизматҳои Пешвои миллат дар рушди ҳаёти ҷавонон» ва муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳошимов Фирӯз таҳти унвони «Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» маърӯзаҳо ироа намуданд.
Дар маърӯзаҳои баромадкунандагон таъкид гардид, ки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like