Риояи талаботи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ
Густариши доираи пажуҳишоти илмӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва махсусияти аломатҳои китобат дар таълифоти илмӣ аз масоили мубрами фаъолияти таҳқиқотии унвонҷуёну магистрантон ба ҳисоб меравад.
Дар иртибот ба масъалаи мазкур санаи 8-уми майи соли 2024 бо иштироки магистрантон ва унвонҷӯёни ДДҲБСТ семинари илмию методӣ дар мавзуи “Риояи талаботи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия д.и.и., профессор Бобоҷонов Д.Д. ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба аҳаммият ва моҳияти амалии чунин омӯзишҳо ибрози андеша намуд.
Тибқи барнома доир ба масъалаҳои роҳу усулҳои таҳияи мақолаҳои илмӣ, риояи имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат дар таълифоти илмӣ мудири нашриёти “Дабир”-и ДДҲБСТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Охунҷонова Н.Р. ва мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустамов Ш.Р. баромад намуданд.
Дар рафти семинари омӯзишӣ байни иштирокдорон ва баромадкунандагон мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.