ДДҲБСТ: Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш – фурӯши маҳсулоти ватанӣ
Имрӯз, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид. Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар ярмарка сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Нодири Шермуҳаммад, мудири Филиали 24-и КВД бонки амонатгузории “Амонатбонк”дар шаҳри Хуҷанд Мавзуна Раҳимӣ, директори минтақавии ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” дар вилояти Суғд Мансур Худойқулов, иҷрокунандаи вазифаи директори Филиали ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд Хушнуд Ҳамралиев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Мухбирахон Аббосова ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ЧДММ “Ҷавонӣ” Раънохон Мубинҷонова иштирок намуданд.
Дар оғоз, меҳмонон аз гӯшаҳои намоишгузоштаи ташкилотҳои бонкӣ, ширкатҳои мобилӣ ва пешниҳоди намоишу фурўши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ватании ҶДММ “Файзи Расул”, ҶСК “Зуҳал”, ширкати “Яхмоси-33”, ҶСК “Химус”, ҶДММ “Пешсаф”, ҶДММ “Чўҷаи Байзо”, ҶДММ “Фаровон-1”, ҶДММ “Ҷавонӣ-Хуҷанд” дидан карданд.
Сипас, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро ба ярмарка шодбош намуда, иброз дошт, ки ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст. Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, ки ҳадафи асосии онҳо мусоидат ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин гардидани хатмкунандагон, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. Бахусус, раёсати Донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон бо наздик 200 корхонаю ташкилот шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Дар идома, чанде аз роҳбарону намояндагони мақомоту идораҳои ҳамкор баромад карда, қаноатмандии хешро аз ҳамкорӣ бо раёсати Донишгоҳ баён намуданд.
Дар ярмарка аз ҷониби беш аз сад корхонаву ташкилот зиёда аз 1578 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардиданд, ки дар натиҷа зиёда аз 65 нафар соҳиби роҳхат шуданд. Музди маоши пешниҳодгардида аз 800 то 3500 сомониро ташкил медиҳад. Дар интиҳо барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомот, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои бонкӣ бо Сипоснома ва туҳфаи рамзии раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Баргузории чунин ярмарка дар ДДҲБСТ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилотҳои ҳамкор доир карда мешавад.
Ҳамзамон, донишҷӯёне, ки дар марҳилаи таҷрибаомӯзӣ фаъолона иштирок намуданд, бо роҳхат ба ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо таврибаомўзиашонро гузарониданд ва бо Сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа