Чашми ҳасудон кур бод!
Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи ташкилотҳои ифротие ба шумор меравад, ки аз рузи ташкилёбиаш то кунун барзидди арзишҳои милливу давлатии мо – тоҷикону тоҷикистониён мубориза бурда истодааст.
Маҳз ба “шарофати ҳамин ҳизби аҳриманӣ” солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати ҷанги дохилӣ ва низои мазҳабиву миллӣ ба бор омад. Бо шиору овезаҳои авомфиребона роҳбарияти наҳзат дар маркази пойтахтамон шаҳри Душанбе майдонеро ташкид намуда ба он “Шаҳидон” номгузорӣ карданд. Барои кадом шаҳид номгузорӣ шудани ин майдонро касе сарфаҳм намерафт. Зеро аз руи таълимоти динӣ агар бандаи мусалмон дар вақти набарди ҳарбӣ аз дасти нафари мушрик ва ё бедин кушта шавад баъд ба он унвони “шаҳидӣ” дода мешавад. Аммо аз мафҳуми “шаҳид” хостанд мардуми оддиро, ки ба разишҳои динӣ чуқур сарфаҳм намерафтанд ҷамъ намуда, ҳамаи онҳоро ба роҳи ба ном неки худ раҳсипор намояд. Лек тири наҳзати хоин хок хурд ва баъди имзои созишномаи сулҳ ба ҳаёти мустақилона ва тинҷу ором барагштанд. Давлату миллат ва махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин турфа хоинони гумроҳ имконияти ислоҳгардиданро муҳайё намудаанд.
Сад афсус аст, ки ин имконият ба наҳзатиён дарси ибрат нагашт ва тибқи зарбулмасали тоҷикӣ “неши ақраб на аз паи кин аст, балки муттакояш ҳамин аст” амал нумуда боз даст ба хиёнат заданд. Баъди шикасти табаддулоти сентябри роҳбарияти ТЭТ ҲНИ домулло Кабирӣ бо аҳлу оила ва наздикону пайвандони худ Тоҷикистонро тарк намуд ва боварӣ дорем абадулабад. Акнун бошад ин гуруҳи ифротӣ чор гуруҳакои майдаякро созмон дода номи ТЭТ ҲНИ ба “Паймони миллӣ” иваз намуд. Аввал бо номи дину диёнат сухан намояд, анакнун бо номи озодӣ ва демократия садо баланд мекунад. Назди созмонҳои муқими Аврупо ҳозир шуда ҳаргуна пикету ҷамъомадҳои бачагонаро ташкил менамоянд, ки бо дидани ин ҳолат хандаи шахс меояд. Лек ин мазҳакаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон обу ранги бадеӣ медиҳанд, ки гуё дар ин пикетчаҳо то ҳазор нафар ширкат варзида бошанд. Мутаассифона аз навор худ маълум аст, ки танҳо 10 – 15 нафар аъзоёни наҳзат ширкат варзидаанду халос. Навори онҳоро бошаду бошад 40 – 50 нафар дидаанд, ки худи наҳзатиён ду се маротибагӣ.
Аз дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон наҳзатиён ва паймонсузон дарун – дарун месузанд. Барои онҳо ин ҳама дастовардҳои миллати тоҷик зери сиёсати созандаи Пешвои миллат ранги заҳр аз гулуяшон мегузарад. Рузҳои наздик бо сафари навбати Президенти мамлакат озими минтақаи Аврупо мешаванд ва ба чанд давлатҳои он сафари кориву расмӣ анҷом медиҳанд. Иттиҳоди Аврупо дар минатқаи Аврупо яке аз шарикони рушди давлати мо ба ҳисоб рафта, муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, чӣ иқтисодиёту сиёсат, маорифу тандурустӣ ва фарҳангу ҷавонон дар сатҳи олӣ қарор дорад. Соли гузашта бо сафари расмӣ Раиси Шурои Аврупо ҷаноби Доналд Туск аз мавқеи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад. Зимни ин сафар Роҳбари ИА аз кули Сарез ва гушаву канори давлати мо дидан карда, дар мусоиҳбаи худ аз таассуроти неки худ аз Тоҷикистон ёдовар гардид. Лек аз сафари Роҳбари ИА наҳзатиён сухтаву ахгар гардидаанд.
Чанде қабл санаи 1-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат ҳайати расмии вакилони Иттиҳоди Аврупоро бо роҳбарии ҷаноби Фулвио Матрушиелло ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо дар вақти суҳбат иқрор гардиданд, ки тули ин солҳо ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ёрии башардустона байни Тоҷикистон ва ИА даҳҳо маротиба афзоиш ёфтааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳаммияти хосса зоҳир карданд. Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва “Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ” барои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд. Ин ҳама аз мақоми калидии доштани Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ба давлати мо таваҷҷуҳи ИА ва давлатҳои Ғарб бениҳоят калон аст.
Аз сафари Президент ба ИА ҳангомасозии хоин ин бори дигар нишона аз кӣ ва ба чӣ кор дастзадани ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ дарак медиҳад. Гуё, ки роҳбари давлати моро дар Аврупо ягон давлати ин минтақа қабул намекарда бошад. Лек ин ҳама дуруғи маҳз аст. Зеро соли 2011 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи “Пешвои асри ХХI” тақдим карда шуд, ки ин ҷоизаи Иттиҳоди Аврупо аст.
Мо шаҳрвандон аз сиёсати кунунии давлати худ дар ҳамаи самтҳо чӣ дохил ва хориҷ хушҳол буда, барои рушду густариши муносибатҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдорем. Сарҷамъии миллат ва дастовардҳои беназири мо чашми ҳасудонро кур мекунад.
Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ