ДДҲБСТ: Хатари ҷаҳлу хурофот ба амнияти кишвар, арзишҳои миллӣ, бақои миллат ва ояндаи давлатдории миллӣ
Имрӯз, 03 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти коршиноси масъалаҳои сиёсӣ, олими шинохта ва муҳаққиқи варзида, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баён шуда буд, доир гардид.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода мулоқотро ифтитоҳ карда, мавзуи онро барои донишҷӯён дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу оромӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ муҳим арзёбӣ кард. Илова шуд, ки ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо дар бештар маврид ба тафаккуру андешаи ҷавонон таъсиргузор аст ва ин қишри ҷомеа бояд пайваста омӯзанд то фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд.
Сипас, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи “Хатари ҷаҳлу хурофот ба амнияти кишвар, арзишҳои миллӣ, бақои миллат ва ояндаи давлатдории миллӣ ” баромад намуд. Коршинос вазъи кунунии ҷаҳони муосирро нигаронкунанда арзёбӣ карда, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ , ҳимояи сарзамин ва нигаҳдошти онро махсус таъкид кард. Ӯ доштани андешаву тафаккури миллӣ, хиради аҷдодӣ ва донишҳои муосири диниву сиёсиро барои ҷавонон аз василаҳои муҳим арзёбӣ кард.
Илова шуд, ки ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника паёмадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии аҳли башар мебошад. Терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст ва бояд дастаҷамъона ба ин падидаҳои номатлуб бо хирад ва ақли солим мубориза бурд то Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои милливу динӣ ҳифз гардад, илова шуд дар идомаи мулоқот.
Дар идома, чанде аз донишҷӯён аз коршиноси масъалаҳои сиёсӣ перомуни таъсири мусбиву манфии ҷаҳонишавӣ, роҳҳои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ пурсон гардида, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа