Татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия Таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар ҷодаи тайёр намудани мутахассисони тахассусманд ба шумор меравад.

Имрӯзҳо вобаста ба ихтисос донишҷӯёни соли чоруми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҷрибаомӯзии хешро дар мақомоту идораҳои ҳамкор сипарӣ намуда истодаанд.
Бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ роҳбарони таҷрибаомузии пешаздипломии кафедраҳои хадамоти гумрук, молия ва қарз дотсентон Мирзозода Ф., Маъруфов Ф., Каримова М.И. ва Рахимова Н.Ш. ҳамроҳи мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Сатторова М. А. ба раёсати гумрук дар вилояти Суғд ва филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо ҷараёни баргузории марҳилаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён шинос шуданд. Зимни ташриф онҳо бо директори филиали ҶСК ” Бонки Эсхата” дар шаҳри Хуҷанд Ғаниева Заррина доир ба раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён сӯҳбат намуданд. Зимни сӯҳбат таъкид шуд, ки донишҷӯи курси 4-уми ихтисос кори бонкӣ Абдуллоева Мафтуна ҳамчун кадри захиравӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, ҳимояи таҷрибаомузии пешаздипломии донишҷуён бо иштироки роҳбарони таҷрибаомузӣ ба роҳ монда шуд.
Мақсад аз ташкилу баргузор намудани таҷрибаомузиҳои донишҷўён ҳарчи бештар бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон мебошад.
Таҷрибаомузиҳои донишҷўён дар муассисаву ташкилотҳо ва мақомоту идораҳо идома доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like