Донишҷӯён ДДҲБСТ малакаҳои рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ омӯхтанд

Санаҳои 29-30-юми апрели соли 2024 бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва дар доираи лоиҳаи “Дастгирии таҳсилоти ҳуқуқии занон” як гурӯҳ донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тренинг оид ба малакаҳои рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ иштирок намуданд.
Дар раванди тренинги мазкур мавзӯҳои бехатарии рақамӣ – мубориза бо маълумотҳои бардурўғ ва кибертаҳқир, таҳдидҳои мавҷудаи имрўза ва чӣ тарз ҳимоя кардани худ аз хавфҳо дар фазои маҷозӣ, саводнокии рақамӣ, гигиенаи рақамӣ шарҳ дода шуданд. Бо дарназардошти он, ки тренинг барои донишҷўёни ҳуқуқшинос буд, қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои рақамӣ низ омўзонида шуд. Донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ малака ва сатҳи дониши худро хеле хуб нишон дода, соҳиби сертификат гардиданд.

You might also like