Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, натиҷа ва дурнамои амалишавии он
26 апрели соли 2024 дар асоси нақшаи семинарии тарбиявии кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, натиҷа ва дурнамои амалишавии он” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии тарбиявӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ н.и.ҳ., дотсент Кенҷаев Ш.Ю., мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ н.и.ҳ., дотсент Қаҳоров Н.М., мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ н.и.ҳ., дотсент Очилова Ф. А. аъзои кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия ва донишҷӯёни курси 2 ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Чорабинии тарбиявиро мудири кафедра н.и.ҳ., дотсент Қобилов Б.Қ. оғоз намуда ба ҳозирин мақсад аз баргузории мизи мудавварро баён намуда, доир ба масъалаи тарбия, ки айни замон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ташвишовар ҳисобида мешавад сухан гуфт.
Декани факултет н.и.ҳ., дотсент Кенҷаев Ш.Ю. доир ба Консепсияи миллии тарбия, нақши тарбия дар камолоти инсон, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз гардид, ёдовар шуда, донишҷӯёнро барои ба илмомӯзӣ, эҳтироми калонсолон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия н.и.ҳ., дотсент Қобилов Б.Қ. дар мавзӯи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, натиҷа ва дурнамои амалишавии он” маърӯза карда доир ба мафҳуми тарбия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти тарбия ва дастгирии ҷавонон дахлдоштаро ёдовар шуда дар хусуси зарурияти қабули Консепсияи милли тарбия, мақсад ва вазифаҳои Консепсия, унсурҳои таркибии Консепсияи миллии тарбия, марҳилаҳои тарбия тибқи Консепсия суханронӣ намуд.
Дар баробари ин аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба ҳозирин ёдовар шуда аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки ҳар яки мо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлол, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амнияти кишвар бояд саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амнияти кишвар халалдор гардад.
Мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ н.и.ҳ., дотсент Қаҳоров Н.М., муаллимони калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия Пӯлотов К.И., Сайдуллов А.А. доир ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон, риояи сару либоси тарбиявӣ, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ суханронӣ намуданд.
Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва устодон ҷамъбаст гардид ва барои иштирок аз номи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия миннатдорӣ баён карда шуд.