Терроризм ва экстремизм – дар замони муосир ва роҳҳои пешгирии он
25 апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии № 2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷумахон, судяҳои суди шаҳри Хуҷанд Олимзода Рафиқҷон, Рустамзода Маъруф, Саидмухторзода Шўҳрат дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм – дар замони муосир ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид.
Дар оғоз, декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шӯҳрат Кенҷаев меҳмононро муаррифӣ карда, мавзӯи матраҳшавандаро муҳиму саривақтӣ маънидод кард.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, судяи суди шаҳри Хуҷанд Рустамзода Маъруф маърўза намуда, қайд кард, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аздаст надиҳанд ва барои ташаккулёбии маърифати ҳуқуқӣ саҳми арзандае дошта бошанд.
Бо мақсади ба донишҷӯён фаҳмонида додани оқибатҳои даст задан ба ҷиноят хусусан ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Хуҷанд маърўзаҳо ироа карда шуд.
Дар охири чорабинӣ омўзгорон ва донишҷўён оид ба масоили мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд .