ДДҲБСТ: Воқеият ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса
Имрӯз дар Маркази таҳқиқоти масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия дар мавзӯи “Воқеият ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса” нишасти илмӣ дар ҳамоҳангсозии Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими ҳамгироии дипломатӣ, сиёсӣ ва иқтисодии байни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардид.
Директори Марказ профессор Акмалова М.А. дар оғоз оид ба ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса амали нек ҳисобид. Дар чорабинӣ инчунин директори Маркази Фарҳангии Фаронса Темуров М.М., кормандони Маркази мазкур Гиём ва Виктор, мушовири ректори ДДҲБСТ оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналмиллалӣ Ҷўраев А., мудири кафедраи муносибатҳои байналмиллалӣ Ғаффорӣ Н., мудири шўъбаи байналмиллалӣ дотсент Шарипов К.К., дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Қобилова С. ва донишҷўён иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои дуру наздик доираи фарохи муносибатҳои тарафайнро ҷиҳати тадбиқи барномаҳои стратегияи давлатӣ ва рушди ҳамкориҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави «Сиёсати дарҳои боз» ба роҳ монда шудааст. Густариш ва равнақёбии ҳамкориҳои бисёрсамтаи кишварҳо дар ҳошияи баррасии ҳамоишҳои байналмиллалӣ, конфренсияҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ такмили тахассуснокии мутахассисони соҳаи сиёсатшиносӣ, дипломатия ва иқтисодӣ ҳамчун пойгоҳи омўзишӣ хизмат менамояд. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ муайян сохт, ки густариш ва равнақёбии ҳамкориҳо дар таҳкими сулҳу амният ва ваҳдату башардўстӣ пайгироӣ менамояд.
Мизи мудаввар бо мулоҳизаронии иштирокчиён анҷом ёфт.