Ҷамъбасти «Ҳафтаи илм» бахшида ба Рўзи илми тоҷик дар ДДҲБСТ

22 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Ҳафтаи илм» бахшида ба Рўзи илми тоҷик, ки санаҳои 15-20 апрели соли 2024 дар донишгоҳ баргузор гардида буд, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти «Ҳафтаи илм» муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Бобоҷониён Д.Д. баромад намуда, оид ба баргузории силсила-чорабиниҳои илмӣ маърўзаи пурмуҳтаво намуд.
Сипас, аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода ба ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ғолибони бахшҳои конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омўзгорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рўзи илми тоҷик бо ифтихорнома ва сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.

You might also like