Маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ
Имрӯз, 17 апрели соли 2024 дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо устодони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ башида ба Рӯзи илми тоҷик ва ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ” мизи мудаввар доир гардид.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Чунин нуқтаҳоро қайд намуданд дар баромадҳои худ маърузакунандагон.
Дар идомаи мизи мудаввар инчунин, бо ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳуқуқдон” Бониёззода Бобоҷон суҳбат доир шуд.Дар рафти суҳбат иштирокчиён ба ҳамаи саволҳояшон посух гирифтанд. Баъд аз маърузаҳои пурмӯҳтаво викторина, саволу ҷавоб доир ба саводнокии ҳуқуқӣ гузаронида шуд, ки донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Дар фарҷом барои донишҷӯён адабиёти тозанашр аз ҷониби мутахассиси китобхонаи илмӣ Муминҷонова Парвина муаррифӣ карда шуд, ки аз он донишҷӯён дидан намуданд.
Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар дигар кафедраву факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор гардид.