Иштироки донишҷӯёни ДДҲБСТ дар машғулиятҳои омўзишии донишгоҳҳои Хитой

Ҳамасола тибқи шартномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи Конфутсия дар назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи нафти Чин ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисос донишҷӯён ба чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд.

Ин имконият медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо бо Ҷумҳурии мардумии Чин ва яке аз донишгоҳҳои бонуфузи он шинос шаванд, балки таҷрибаи иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар давлатҳои хориҷиро пайдо кунанд ва бо таъриху фарҳанги он ошно шаванд.

Санаи 12 апрели соли 2024 тибқи даъвати Донишгоҳи нафти Чин донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ  ҷиҳати иштирок дар лагери омўзишӣ ба  шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии мардумии Чин сафар намуданд.

Дар доираи лагери омўзишӣ донишҷўён оид ба мақоми ҷавонон дар давлати муосир, роҳҳо ва усулҳои муосири омўзиши забони хитоӣ ва фарҳанги он, омўзиши илмҳои муосир ва худшиносии миллӣ табодули афкор менамоянд.

Иштироки донишҷӯён дар ин лагери омўзишӣ барои аз тарафи онҳо пайдо намудани донишу малакаҳои нав аҳамияти калон дорад.

You might also like