Шиносоии кормандони Парки технологӣ аз корхонаҳои истеҳсолӣ
Кормандони Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамроҳи коршиноси шинохта дар соҳаи робототехника Денис Фрицше аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати таҳлил ва омӯзиши сатҳи автоматикунонӣ ва роботизатсияи онҳо боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ аз корхонаҳои пешқадами истеҳсолӣ, аз ҷумла “ФАРОВОН”, “Буона”, “Байзо” ва “Дӯстии Алишер” аз имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолоти саноатӣ дидан карданд. Ин як таҷрибаи пурарзише буд, ки ба мо имкон дод, ки на танҳо таҷрибаи пешқадамро дар амал бубинем, балки самтҳои эҳтимолии навовариҳои минбаъда дар робототехникаро баррасӣ кунем, гуфтанд кормандони Парки технологӣ.
Онҳо дар ҳар як корхона бо муҳандисону роҳбарон вохӯрда, бо таҷрибаи кориашон шинос ва дар бораи душвориҳое, ки дар раванди автоматикунонӣ ва роботикунонии истеҳсолот дучор меоянд, маълумот гирифтанд. Ин вохӯриҳо ба донишомӯзон фаҳмиши амиқ дар самти чӣ гуна истифодаи навовариҳои технологӣ ба баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокӣ дар истеҳсолот кӯмак карда метавонанд, пайдо намуд.
Ингуна шиносоиву боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи робототехника ва автоматизатсия барои донишомӯзон манфиатбахш мебошад.