Омӯзиши забони хитоӣ
Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, аз ҷумла бо Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон торафт густариш ёфта, барои ҳамаҷониба омӯхтани забони хитоӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Санаи 28 март дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи касбӣ-техникии шаҳри Чангчун курсҳои махсуси омӯзиши забон ва фарҳанги Чин тариқи онлайн бо иштироки донишҷӯёни зиёда аз 10 кишвари ҷаҳон оғоз гардид.
Дар давоми машғулиятҳо донишҷӯён бо усулҳои нави омӯзиши забони хитоӣ, роҳҳои калимасозӣ ва забони хитоии инноватсионӣ шинос шуданд.
Машғулиятҳо то санаи 3 апрел бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангии ДДҲБСТ доир мешавад.