Донишҷӯи ДДҲБСТ “БЕҲТАРИН ҲУҚУҚДОН”-и мамлакат гардид

Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Бобоҷон Бониёззода дар озмуни ҷумҳуриявии “БЕҲТАРИН ҲУҚУҚДОН” иштирок намуда, ба гирифтани мақоми аввал комёб шуд. Озмуни мазкур имрӯз, санаи 30-юми март дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуда, дар он иштирокчиён аз донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат байни ҳам сабқат карданд.
Озмуни мазкур бахшида ба соли 2024 – “Соли маърифаи ҳуқуқӣ” доир шуда, барои таъмини шаффофият дар ҷамъбасти озмун тибқи фармоиши ректори донишгоҳ Комиссияи озмунӣ аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқ аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ки натиҷаи озмун маҳз аз ҷониби онҳо баҳогузорӣ ва ҷамъбаст гардид.
Донишҷӯи ДДҲБСТ дар озмуни мазкур соҳиби ҷойи якум гардида, бо диплом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ қадршиносӣ шуд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Бобоҷон Бониёззодаро бо ин дастоварди баланд шодбош намуда, барои муваффақиятҳои минбаъда барору комёбӣ таманно менамояд.

 

You might also like