Омӯзиши нозукиҳои робототехника
Давоми се рӯз аз ҷониби Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мастер-класс таҳти унвони “Шиносоӣ бо робот ва асосҳои робототехника” бо ҷалби коршиноси барҷастаи олмонӣ дар соҳаи робототехника Денис Фритсше доир шуд.
Машғулияти мазкур дар Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ баргузор гардида, ба иштирокчиён таҷҳизоти роботҳо омӯзонида шуд. Дар ҷараёни машгулиятҳо иштирокчиён бо ҷаҳони техникӣ шинос шуда, дар бораи ҷузъҳои асосии роботҳо маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҳамзамон иштирокчиён тарзи идоракунии роботҳоро тавассути ҳалли нармафзорҳои гуногун омӯхтанд. Марҳилаи ниҳоии машғулият махсусан ҷолиб буд, зеро иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки дониши худро тавассути кор бо роботҳои виртуалӣ дар амал татбиқ намоянд.
Мастер-класс хело муфид ва ҷолиб буд, ки беш аз 25 нафар иштирокчиёнро барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи робототехника ҷалб кард. Мо ифтихор дорем, ки тавонистем чунин як имконияти беназири таълимиро фароҳам орем ва ба мутахассисони ояндаи технология илҳом бахшем, иброз дошт директори Парки технологӣ Абдураҳмон Маҳмудов.
Дар анҷоми курс ба ҳамаи иштирокчиён сертификат бо имзои Денис Фритсше супурда шуд, ки дониш ва маҳорати онҳоро дар соҳаи робототехника тасдиқ мекард. Мо аз ҳамаи иштирокчиён миннатдорем ва умедворем, ки шуморо дар чорабиниҳои оянда мебинем, мегӯянд масъулини Парки технологӣ.