ДДҲБСТ: Ҳифзи Ватан ва мубориза ба падидаҳои номатлуб
18 марти соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Юсуфӣ, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД-и вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода баргузор гардид.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро муаррифӣ карда, мавзӯи мулоқотро ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳтироми анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ ва мубориза ба падидаҳои номатлубу зиёдаравӣ муҳиму саривақтӣ маънидод кард. Илова шуд, ки вохӯрии мазкур дар доираи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёву ходимони дин баргузор шуда буд, доир мешавад.
Сипас, баромадкунандагон доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ватандӯстӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромад карданд.
Таъкид шуд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Илова шуд, ки дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ ва зуҳури гуруҳҳои манфиатҷӯву афзоиши хатарҳои экстремистиву террористӣ ба оромиву субот ва истиқлолу соҳибихтиёрии кишарҳои ҷудогонаи олам таҳдид менамояд, ҳар сокини сайёра ва миллату давлатҳоро ҳушдор медиҳад, ки аз ин қабил падидаҳои хатарзо дар ҳифз бошад. Коршиносони байналмилаливу ватанӣ борҳо омили асосии пайваст шудани ҷавонону сокинонро ба гуруҳҳои ифротӣ ба маърифати пасти ҳуқуқӣ, донишҳои диниву сиёсии онҳо марбут донистаанд.
Дар интиҳо аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки пайваста омӯзанд ва ба падидаҳои номатлуб мубориза бурда, дар ҳифзу гиромидошти дастовард ва муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.