ДДҲБСТ: Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Имрӯз, 16 марти соли 2024 ҷиҳати арҷгузорӣ ба яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик, ки мақоми байналмилалиро гирифтааст-ҷашни Наврӯз дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ хаймаҳои наврӯзӣ ороста шуда, дар он хӯрокаву хуришҳои хоси ин ҷашни қадимаи мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
Дар даромадгоҳи донишгоҳ меҳмонон бо судои карнай пешвоз гирифта шуданд, ки ба тантанаҳои ҷашни Наврӯзӣ дар донишгоҳ шаҳомати хоса бахшид. Роҳбарияти донишгоҳ ҳамроҳи меҳмонон аз растаҳои оростаи факултетҳои донишгоҳ дидан намуданд. Дар саҳни чорабиниҳои наврӯзии донишгоҳӣ низ духтарону бонувони донишгоҳ бо аз бар намудани либосҳои миллӣ, оростани хони наврӯзӣ ва қироати шеъру гуфторҳои баҳориву наврӯзӣ ба ҳусни тантаҳои ҷашнӣ таровати дигар зам карданд.
Дар оғоз, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова ва ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода иштирокчиёнро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуданд.
Иброз гардид, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик маҳсуб гардида, ҳамасола дар остонаи оғози фасли баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Ин аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукргузории том таҷлил мегардад.
Илова шуд, ки имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Дар доираи чорабинии мазкур байни факултетҳо озмун таҳти унвони “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” баргузор гардид, ки аз шаш номинатсия: “Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ, маликаи наврӯзӣ ва бобои деҳқон”, “Беҳтарин газетаи деворӣ”, “Беҳтарин дастони моҳир”, “Беҳтарин зебосанами наврӯзӣ ва баҳори наврӯзӣ”, “Беҳтарин намоиши анъанаҳои наврӯзӣ” ва “Беҳтарин суруд ва рақси идона” иборат буд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Бо барномаи рангини адабиву фарҳангӣ Наврӯзи ҷаҳонӣ дар донишгоҳ хубу хотирмон таҷлил гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
You might also like