Мубориза бо падидаҳои номатлуб баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ

14 марти соли 2024 дар факултети технологияхои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид. Ин мулоқот дар асоси нақшаи чорабниҳои раёсати адлияи вилояти Суғд ва раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир шуда, дар он сармутахассиси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Назризода Фараҳманд, намояндаи Маркази саломатии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд Назирахон Ибрагимова, мудири шуъбаи корҳои тарбияи ДДҲБСТ Ҳасанов Маъруфҷон иштирок ва баромад намуданд.
Иброз шуд, ки вохӯрии мазкур ба муносибати эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, таҷлили 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» , «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» , «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, номгузории шаҳрвандон дар шароити имрӯза, мавзӯи пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ба роҳ монда шуд.
Баромадкунандагон дар мавзӯҳои болозикр андешаҳои хешро баён доштанд.

You might also like