Баргузории мизи мудаввар дар ДДҲБСТ
Имрӯз, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории донишгоҳ ба муносибати Рўзи кормандони мақомоти прокуратура мизи мудаввар доир гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи мазкур, Насимҷон Қаҳоров ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳамасола таҷлили Рўзи кормандони мақомоти прокуратура дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро, кормандони мақомоти прокуратура дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо, назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи манфиатҳои давлатро сарбаландона иҷро намуда, ҳомии воқеии ҳуқуқу озодиҳо мебошанд.
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев доир ба наҳши мақомоти прокуратура ҳарф зада, иброз намуд, ки дар ҷаҳони муосир ва пуртазод дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, танзими тартибот ва таъмини амнияти миллӣ мақомоти прокуратура нақши арзишманд дорад. Инчунин, оид ба кору фаъолияти хатмкардагони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ, ки дар маҳомоти прокуратураҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо содиқона ифои вазифа менамоянд, ёдовар гардида, фаъолияти ҳар яки онҳоро боиси ифтихору сарфарозӣ арзёбӣ намуд.
Собиҳадорони маҳомоти прокуратура Ҷумҳур Ҷиянов аз лаҳзаҳои фаъолияти худ дар маҳомоти прокуратура ва Киромиддин Пўлотов аз фаъолияти худ дар маҳомоти прокуратураи ҳарбӣ нақл намуда, донишҷуёнро барои пайваста омӯзиш ва баланд бардоштани савияи донишашон вобаста ба самти интихобнамудаи тахассусашон ҳидоят намуданд.
Дар маърӯзаҳои донишҷуёни факултет Бобоҷон Бониёззода дар мавзўи «Рушди прокуратура дар замони шўравӣ ва пасошўравӣ» Фаррухҷон Шокиров перомуни «Фаъолияти прокуратура баҳри таъмини волоияти қонун» таъкид гардид, ки таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини иҷрои дақиқ ва саривақтии қонунҳо дар кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва амният аз нақши арзишманди прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ аз кору пайкори шоёни ходимони давлатӣ ва ҳуқуқшиносони номӣ шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ва Сафаралӣ Кенҷаев, ки барои насли имрӯзу фардо намунаи ибрат аст, ёдоварӣ карда шуд.
Сардори раёсати корҳои илмию тадқиқотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ Зарина Самадова аз ташкили чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба зиёд кардани миқдори соатҳои таълимии фанни назорати прокурорӣ, дар баробари фаъолияти маҳфили «Қонуният ва адолат» таъсис додани маҳфилҳои «Прокурори ҷавон ё оянда прокурор»-ро тавсия дод.
Ҷоиз ба қайд аст, ки мунтазам баргузории чунин мизҳои гирд бо олимону мутассисони соҳавӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.