ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмию назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо»
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баргузор гардид. Дар кори конференсия коршиносон, олимону муҳаққиқон, мутахассисони соҳавӣ, кормандони муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, зикр дошт, ки масъалаи тағйирёбии иқлим имрӯзҳо ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба худ равона кардааст. Баъзе аз сабабҳои тағйирёбии иқлим – тӯфону обхезиҳо, сел, тармафароӣ, баландшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, зилзила ва дигар ҳодисаҳои табиат ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Аз ин хотир, дар ҳошияи тадбирҳои судманди роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо ҷиҳати пешгирии ин омилҳо тасмим гирифтем, ки ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо ва танзими тағйирёбии иқлим бо олимону коршиносон ва мутахассисони соҳавӣ майдони муколама ва мубодилаи афкор ташкил намоем.
Дар ҷаласаи пленарӣ мудири кафедраи истифодабарии табиат ва ҳифзи муҳити зисти Институти хизмати давлатӣ ва идоракунии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Краснощеков Валентин Николаевич, муовини раиси Шурои омўзиши қувваҳои истеҳсолии Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, роҳбари шуъбаи муаммоҳои истифодаи табиат ва экология, академики Академияи экологии Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Шевчук Анатолий Васильевич, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Номвар Бойназарович, мудири кафедраи экологияи Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Ҳоҷибоев Далерҷон Дадоевич, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Санавваров Ғолибҷон Бақоевич ба маърӯза баромаданд.
Қайд гардид, ки тағйирёбии иқлим мушкилоти асосии тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва дар бобати паст кардани шиддати он як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин, консепсияву барномаҳои эътибори ҷаҳонидошта, ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз кишвар, ба монанди “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” мавриди амал қарор гирифтанд. Инчунин, санадҳои байналмилалии “Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим” ва “Созишномаи Париж” таҳия гардиданд, ки доир ба кам кардани партовҳо, мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим ва маблағгузории чораҳои зарурии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷиҳати коҳиш додани ин хатарҳо нигаронида шудаанд.
Дар кори конференсия масоили глобалии об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳадафҳои устуворона оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, обшавии пиряхҳо ва тағирёбии иқлим, ибтикороти Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, таъсири омилҳои экологӣ ба захираҳои обӣ, рушди сиёсати кишварҳои ҷаҳон оид ба ҳифзи пирях, об ва танзими тағирёбии иқлим, масъалаи танзими об ҳамчун ҷузъи амнияти экологӣ, оқибатҳои иқтисодии таъғирёбии иқлим, заминаи коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, комёбиҳои илм дар соҳаи об барои таъмини амнияти озуқаворӣ, усулҳои безараркунонии оби нўшокӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Итминон дорем, ки мубодилаи афкор ва татбиқи пешниҳоди олимону коршиносон ба дарёфти роҳҳои ҳалли марбут ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, ҳифзи пиряхҳо, танзими тағйирёбии иқлим ва пешгирии паёмадҳои дигаргунии иқлим дар сайёраи Замин, ҷорӣ намудани истифодаи роҳу воситаҳои нав мусоидат хоҳад кард.